Моҳи январи соли равон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми 23 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, ин миқдор нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба андозаи 54,6% бештар аст. Моҳи январ нерӯи барқ ба кишвар ворид нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, моҳи январ дар Тоҷикистон беш аз 1,57 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки зиёда аз 1,55 млрд. кВт/соат ба нерӯгоҳҳои обӣ-барқӣ ва боқимонда ба марказҳои гарму барқдиҳӣ рост меоянд.
Бино ба маълумоти манбаъ, айни замон шумори нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар ҷумҳурӣ 179 ададро ташкил медиҳад, ки аз он 127-тоаш амал мекунанд.
Маълумоти оморӣ гувоҳи онанд, ки моҳи январи соли равон ба кишвар дар ҳаҷми 14,9 млн. метри мукааб гази табиӣ ворид гардидааст, ки маблағи умумиаш 4,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ин миқдор нисбат ба моҳи январи соли 2011 ба андозаи 1,3 млн. метри мукааб ё худ 1,4 млн. доллари ИМА зиёдтар аст.