Рӯзҳои наздик намояндагони Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) ва журналистон лоиҳаи қонун «Дар бораи шарикии давлатӣ ва хусусӣ»-ро баррасӣ мекунанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии IFC хабар доданд, намояндагони корпоратсия ва журналистон дар вазъи ғайрирасмӣ усулҳои қонун ва тарзи ҷорисозии шарикии давлативу хусусӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ менамоянд.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ҳамчунин баррасии масоили марбут ба ҷалби сармоягузорони бузурги хориҷӣ ҷиҳати фаъолият дар ин бахш ва баланд бардоштани сатҳи огаҳии журналистон дар мисоли таҷрибаи кишварҳои муваффақ дар ин соҳа низ дар назар аст.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, лоиҳаи қонун «Дар бораи шарикии давлатӣ ва хусусӣ», ки аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони IFC таҳия шудааст, аввали моҳи оянда ба барррасии ҳукумат пешниҳод мегардад.
«Чун Тоҷикистон дар таҳияи чунин санад аз таҷрибаи кофӣ бархӯрдор нест, IFC зимни таҳияи он кӯмаки машваратӣ расонид», – гуфтанд дар кумитаи мазкур.