Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов ҷиҳати баррасии масъалаҳо вобаста ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди НБО-и «Қайроққум» бо Раиси намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар Тоҷикистон ҷаноби Улф Хиндстром ва бонкдори намояндагии мазкур Фирӯз Қатаев вохӯрӣ доир намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти кумитаи мазкур хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо ҳалли як қатор масъалаҳои марбутаи татбиқи лоиҳаи зикршударо муҳокима намуда, баён намуданд, ки ҷиҳати ҳарчӣ зудтар мувоффиқанамоӣ ва пазируфтани Асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа чораҳои зарурӣ андешанд.
Мавриди қайд аст, ки лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди НБО-и «Қайроққум» ба рӯйхати лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010 №280 тасдиқ шудааст, ворид мебошад ва татбиқи он аз ҳисоби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд амалӣ хоҳад шуд.
Ҳамзамон, дар вохӯрӣ ҷараёни татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Турсунзода (сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон), ки аз ҳисоби маблағҳои грантиву қарзии Бонки Осиёгии Рушд ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд маблағгузорӣ хоҳад шуд, баррасӣ гардид.