Чанде аз бонкҳои тиҷоратӣ дар муҳлати муайяншуда «пулҳои Роғун»-ро ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ баргардонида натавонистанд.
Муовини вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки феълан аз 237,4 млн. сомонии маблағҳои ба суратҳисобҳои депозитии бонкҳо гузошташуда, каме зиёдтар аз 38 млн. сомонӣ баргардонида шудааст.
«То имрӯз ҳамаи бонкҳо меъёрҳои фоизиро пардохт намуданд, вале маблағи асосӣ аз ҷониби ду бонк – ҶСК «Агроинвестбонк» дар ҳаҷми 118 млн. сомонӣ ва ҶСП «Тоҷпромбонк» ба маблағи 11,1 млн. сомонӣ пардохта нашудааст», – гуфт вай.
Нуралиев таъкид кард, ки бонкҳое, ки дар муҳлати муқаррагардида ӯҳдадориҳои худро иҷро намекунанд, ба ҷуз меъёрҳои фоизии дар қарордод зикршуда, боз ҳамарӯза ҷарима ба андозаи 0,05% аз маблағи умумӣ пардохт мекунанд.
Бино ба маълумоти Вазорати молия, айни замон аз шаш бонк ҳамагӣ се бонк – ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» (20,3 млн. сомонӣ), ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» (2 млн. 780 ҳазор сомонӣ) ва ҶСП «Фононбонк» (5 млн. сомонӣ) тавонистаанд пурра маблағҳои қарзиро баргардониданд.
Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли 2010 аз маблағҳои пулӣ барои сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ба суратҳисобҳои депозитии бонк
ҳо
и кишвар маблағҳои қарзӣ ҷудо карда шуда буданд.
Ғайр аз ин, тобистони соли гузашта бо дархости се бонк Вазорати молия ба суратҳисобҳои депозитии онҳо боз 80 млн. сомонӣ маблағи иловагӣ ҷудо кард. Ин воситаҳо миёни БДА ҶТ «Амонатбонк» – 20 млн. сомонӣ (муҳлати баргардонидан – 7 июни соли 2012), ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» – 30 млн. сомонӣ (муҳлати пардохт – 31 декабри соли 2012) ва ҶСК «Агроинвестбонк» – 30 млн. сомонӣ (муҳлати пардохт – 31-уми декабри соли 2011) тақсим карда шуданд. ҶСК «Агроинвестбонк» дар муҳлати мукаррашуда аз ин миқдор ҳамагӣ 10 млн. сомонӣ пардохт намуд.
Дар Вазорати молия ҳамчунин гуфтанд, бонкҳо тамоми фоизҳо аз маблағи қарзии мазкурро, ки 27,5 млн. сомониро ташкил медиҳад, пурра пардохт намудаанд.
Тибқи маълумоти Вазорати молияи кишвар, ба санаи 1-уми январи 2012 ба суратҳисоби ҶСК «НОБ Роғун» аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ва кӯмаки молиявӣ 865,6 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки 804,7 млн. сомонии он аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо аст.
Бино ба маълумоти Вазорати молияи кишвар, айни замон дар суратҳисобҳои депозитии шаш бонки ҷумҳурӣ 237 млн. сомонӣ маблағҳои пули ҶСК «НОБ-и Роғун» ҷойгир шудаанд.
Саҳмияҳои ҶСК «НОБ Роғун» аз моҳи январи соли 2009 ба фурӯш бароварда шуда, то имрӯз 1,8 млн. саҳмия, аз ҷумла 22 ҳазор саҳмияи номӣ фурӯхта шудааст.
Саҳмдори асосии ҶСК «НОБ-и Роғун» давлат буда, 75%-и саҳмияҳои назоратиро дар ихтиёр дорад ва он дар таносуби пулӣ 4,5 млрд омониро ташкил медиҳад. «Ин маблағҳо марҳила ба марҳила аз буҷет ба сохтмони нерӯгоҳ равона мегарданд, – гуфт манбаъ. – Ҳиссаи боқимондаи 25% ё 1,5 млрд. сомонӣ саҳмияҳои нашршуда мебошанд, ки ҳамаи хоҳишмандон метавонанд аз он харидорӣ намоянд».