spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Кишоварзон аз созмонҳои байнулмилалӣ кӯмак дархост карданд


Бахши кишоварзии Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои обуҳавои номусоид шадидан ба дастгирии молиявии созмонҳои байнулмилалии мададрасон ниёз дорад, – изҳор кард зимни мулоқот бо намояндагони созмонҳ байнулмилалии муқими кишвар муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Сиҷоуддин Исроилов.

«Обуҳавои номусоид ба бахши кишоварзӣ хисороти зиёд ворид кард, – гуфт муовини вазир. – Тирамоҳи соли 2010 ва баҳори соли 2011 хушк омаданд. Камбуди намӣ ба ҳосили зироати тирамоҳӣ ва кишти баҳории зироати ғалладона таъсири манфӣ расонид. Бахусус ба заминҳои кишти серҳосил осеби зиёд расид».

Ба гуфтаи Исроилов, ҳамчунин ба бахши кишоварзӣ сардии барвақти обуҳаво дар тирмаоҳ ва боришоти зиёди барф зимистони соли равон низ зарар расониданд.

«Бино ба маълумоти гурӯҳи кории Вазорати кишоварзӣ, ҳаҷми захираҳои тухмии гандум барои соли равон ҳамагӣ 38 ҳазор тонна ва тухмии картошка 52 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад ва ин ҳам дар ҳолест, ки барои зиёд кардани майдони кишти гандум то 219 ҳазор гектар ва картошка то 22 ҳазор гектар 43,8 ҳазор тонна тухмии гандум ва 77 ҳазор тонна тухмии картошка зарур аст», – иброз дошт номбурда.

Исроилов изҳор кард, ки обуҳвои номусоид ба соҳаҳои рустанипарварӣ дар ҳаҷми 4,4 млн. ва чорводорӣ 3,7 млн. сомонӣ зарар расониданд. «Талафоти чорвои калони шохдор 143 сар, чорвои хурд беш аз 4 ҳазор сарро ташкил дода, ҳамчунин 50 сар асп ва 50 оилаи занбӯри асал низ талаф ёфтанд», – гуфт вай.

Муовини вазири кишоварзӣ зикр кард, ки айни замон дар тамоми хоҷагиҳо камбуди шадиди хӯроки чорво ба мушоҳида мерасад. «Барои муваффақона зимистонро паси сар намудан ва ба даст овардани насли нав ҳадди аққал 1,2 ҳазор тонна хӯроки серғизои чорво ба маблағи 3 млн. сомонӣ зарур аст», – изҳор кард вай.

Номбурда ҳамчунин гуфт, бидуни ёрии созмонҳои байнулмилалӣ ҷумҳурӣ наметавонад ин камбудиҳоро бартараф созад ва аз созмонҳои байнулмилалӣ даъват кард, ки ба Тоҷикистон дасти ёрӣ дароз кунанд. «Хӯроки серғизои чорво дар дохили ҷумҳурӣ мавҷуд аст, танҳо ҷиҳати дастрас кардани он маблағ зарур аст», – афзуд Исроилов.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...