Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ноиби якуми раиси Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжу Хунҷеро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории ду ҷониб баррасӣ шуд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки бо қарзҳои имтиёзноки ин бонк дар Тоҷикистон лоиҳаҳои бузургҳаҷми бунёди хаттҳои барқии 500 киловолтаи Ҷануб-Шимол, 220-киловолтаи Лолазор-Хатлон ва Хуҷанд-Айнӣ анҷом ёфта, навсозии роҳҳои мошингарди Душанбе-Чанок, Душанбе-Данғара-Кўлоб-Хорўғ-Кулма, нақбҳои мошингузари Шаҳристону Чормағзак ва татбиқи дигар лоиҳаҳо бомуваффақият идома дорад.
Ҳарду ҷониб ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории судбахш дар соҳаҳои роҳсозӣ, энергетика, саноати кўҳӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра изҳори ҳавасмандӣ карданд.