spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Эмомалӣ Раҳмон: Расонаҳои хабарӣ ёварони давлату ҳукуматанд


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 100-умин солгарди матбуоти тоҷик бо намояндагони сершумори воситаҳои ахбори умум мулоқот намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, ҷамъомади идонаи бахшида ба солгарди 100 – уми матбуоти тоҷик дар театри опера ва балети Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

Эмомалӣ Раҳмон аҳли матбуоти кишварро ба ифтихори ин санаи таърихӣ самимона табрик гуфта, барояшон саломатӣ, саодати рӯзгор ва парвозҳои баланди эҷодӣ таманно намуд.

 Президенти кишвар бо ёдоварӣ аз таърихи садсолаи матбуоти тоҷик, аз ҷумла солҳои аввали он ва фаъолияти тақдирсози устод Садриддин Айнӣ, нақши воситаҳои ахбори оммаро дар бунёд ва рушди давлатдории навини тоҷикон бузург арзёбӣ намуд.

 Сарвари давлат бо ишора ба аҳамияти воситаҳои ахбори омма дар таърихи миллат ва рушди ҷомеа изҳор дошт: – «100 – солагии матбуоти тоҷик на танҳо ҷашни аҳли матбуот, балки ҷашни умумимиллӣ низ мебошад».

 Бо ёдоварӣ аз се марҳилаи рушди матбуоти тоҷик, яъне давраи пеш аз инқилоб, даврони шӯравӣ ва замони истиқлол Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки маҳз дар замони истиқлоли давлатии Тоҷикистон шумораи воситаҳои ахбори умум, хусусан расонаҳои мустақил ба маротиб афзун шуд. Зикр гардид, ки «соли 1991 ҳамагӣ як агентии иттилоотии давлатӣ вуҷуд дошт ва аз 139 адад рӯзномаву маҷалла фақат чор рӯзнома хусусӣ буд. Имрӯз бошад, 446 рӯзномаву маҷалла ба табъ мерасад, ки 270 – тоаш ҷамъиятиву хусусӣ мебошад. Аз даҳ агентии иттилоотӣ, ки ба қайд гирифта шудааст, 9-тоаш ва аз 44 шабакаи радиотелевизионӣ 28 – тоаш хусусӣ мебошад».

 Эмомалӣ Раҳмон расонаҳои давлатӣ ва мустақилро «ду шохаи ба ҳам пайвастаи матбуоти тоҷик» ва дар умури идораи давлатӣ «ёварони давлату ҳукумат» арзёбӣ намуд.

 Президенти кишвар доир ба мусоидат ба фаъолияти озоду ошкоро ва созандаи матбуоти тоҷик ба сохторҳои масъули давлатӣ як қатор супоришҳои мушаххас дод.

 Аз ҷумла дастур дода шуд, ки моддаҳои вобаста ба таҳқиру тӯҳмати (135 ва 136) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунгузории гражданӣ гузаронида шаванд.

 Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба омода кардани нуқтаҳои фурӯши матбуоти даврӣ дар маҳалҳои серодами шаҳру ноҳияҳо, навсозии воситаҳои чопи рӯзномаю маҷаллаҳо, саҳлсозии расондани нашрияҳо ба минтақаҳои кишвар, таҳияи барномаи давлатии омодасозии кадрҳои соҳа, таъсиси Академияи телевизион ва радио ва ғайра дода шуд.

 Ҳамчунин дастур дода шуд, ки ҷоизаи давлатии ба номи Садриддин Айнӣ барои хизматҳои арзандаву шоён дар соҳаи воситаҳои ахбори омма таъсис дода шавад.

Дар охири ҷамъомад ба ифтихори 100-умин солгарди матбуоти тоҷик як зумра рӯзноманигорони шинохтаи кишвар ва собиқадорони ин соҳа бо мукофотҳои давлатӣ, аз қабили ордени Шараф дараҷаи 2, медали Хизмати шоиста, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тӯҳфаҳои қиматноки хотиравӣ ба мисли телевизор, компютер ва ғайра сарфароз гардонда шуданд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...