Раисони шаҳри Душанбе, ноҳияҳои пойтахт, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва вилояти Хатлон ба машқҳои таълимии аз ҷониби Вазорати мудофиаи кишвар созмонёфта ҷалб карда шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, машқҳо аз 10 то 12-уми март дар қаламрави гарнизонҳои шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон баргузор шуда, дар онҳо масоили сафарбарсозӣ ва ташкили мудофиаи қаламрав мавриди тамрину омӯзиш қарор гирифтанд.
Машғулиятҳои назариявӣ ва амалиро барои раисони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ кормандони Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои зудамали Вазорати мудофиа ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар доир намуданд.