Дар арафаи ҷашни пурифтихори Наврӯзӣ оламофрӯз бо ғамхории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 352 оилаи кормандони сохторҳои қудратӣ соҳиби хонаҳои зебои хизматӣ шуданд.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар кӯчаи Нусратулло Махсуми пойтахт бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон 4 бинои нави 9-ошёнаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Президенти кишвар калидҳоро ба қисмате аз соҳибони хуштолеи ин хонаҳо тақдим намуда, онҳоро бо ин рӯйдоди пурфараҳ дар рӯзгори оилавиашон табрику таҳният гуфт.
Тавре зикр гардид, дар ин ҷо 352 корманди сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз ҷумла Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Қушунҳои сарҳадӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати маводи нашаовар ва ғайра соҳиби хонаҳои якҳуҷрагӣ ва дуҳуҷрагию сеҳуҷрагӣ шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сохтмон ва корҳои ороишу таҷҳизи биноҳои истиқоматӣ, аз ҷумла хонаҳои васею барҳавои онҳо, баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки минбаъд низ чунин тарзи кор ривоҷ дода шавад.
Сарвари давлат зимни сӯҳбат бо ҷамъи соҳибони хонаҳои нав аз сохторҳои номбурда аз ғамхории пайвастаи роҳбарияти давлату ҳукумат ёдовар шуда, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ва муҳимтар аз ҳама ба муомилаю муносибати хуб бо мардум ҳидоят намуд.