Ахиран созмони Harm Reduction International (HRI), ки маркази он дар шаҳри Лондон мебошад, ҳисоботеро интишор додааст, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Тоҷикистон дар шумори занони маҳкумшуда барои ҷиноятҳои мухаддиротӣ пешсаф аст.
Дар Тоҷикистон аз шумори умумии заноне, ки мӯҳлати ҷазоро дар маҳбасҳо адо мекнанд, 70% барои ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошанд.. Ин ҳисобот ҳамчунин овардааст, ки дар Тоҷикистон 3 миллиону 519 ҳазору 360 нафар занон истиқомат мекунанд. Дар ҳабсхонаҳои Тоҷикистон 600 нафар занон нигоҳ дошта мешаванд, ки 420 нафари онҳо барои ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор маҳкум шудаанд».
Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар муддати солҳои охир шумораи маҳкумшудагон барои ҷиноятҳои алоқаманд ба маводи мухаддир 12-13% – ро аз теъдоди умумии шахсоне дар бар мегирад, ки ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.
Соли 2011 дар Тоҷикистон 16864 ҷинояти умумӣ ба қайд гирифта шуда буд. Ҳамзамон ҳиссаи ҷиноятҳои мухаддиротӣ дар ин омор 5,5% буд.
Соли 2011 дар Тоҷикистон 7828 нафар барои содир намудани ҷиноятҳои умумӣ маҳкум шуда буданд, ки аз ин миқдор 805 нафарашон бонувон мебошанд. Занони барои ҷиноятҳои мухаддиротӣ маҳкумшуда 41 нафар ва ё 4,2% -ро ташкил медоданд.
Бояд зикр кард, ки солҳои 2009 ва 2010 шумораи занони маҳкумшуда барои ҷиноятҳои мухаддиротӣ мутаносибан 57 ва 55 нафар буданд.
Дар ҷойҳои маҳрумият аз озодии Сарраёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи ҶТ дар соли 2011 237 нафар занон адои ҳукми ҷазо мекарданд, ки ҳамагӣ 54 (4,3%) онҳо барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ маҳкум шуда буданд. Баъди ба ҳукми иҷро даромадани Қонун дар бораи авф, ки соли 2011 қабул шуда буд, ҳоло тибқи омори 16 марти соли 2012 дар ҷоҳои маҳрумият аз озодӣ 96 нафар занон барои содир кардани ҷиноятҳои гуногун ба сар мебаранд, ки ҳамагӣ 8 нафари онҳо барои ҷиноятҳои мухаддиротӣ маҳкум шудаанд.
Ҳамзамон хабар медиҳем, ки мувофиқи ба рӯйхатгирии охирини аҳолӣ, ки соли 2010 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида буд, дар Тоҷикистон 3 миллиону 747 ҳазору 500 нафар занон истиқомат мекунанд. Дар ин бора аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд.