Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки «Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин» ба корҳои таъмири манзилҳои зисти баландошёнаи мавзеи Зарнисор дар наздикии шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд, ки дар вазъи бад қарор доштанд, ҳусни оғоз бахшид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори генералии корхона Рашид Раҳматов хабар дод, ширкат таъмири панҷ бинои манзилҳои зисти баландошёна дар муддати ду солро ба уҳда гирифта, дутои он ба ихтиёри мақомоти маъмурии шаҳрак ва сетояш ба ихтиёри ширкат вогузор хоҳанд шуд. «Пас аз таъмир муҳандисон ва коргарони ширкат бо манзилҳои зист аз ин биноҳо таъмин карда мешаванд», – гуфт вай.
Р.Раҳматов мегӯяд, ба ҷуз ҳалли мушкилоти дохилӣ, корхона ҳамчунин ба муассисаву ташкилотҳои шаҳраки Зарнисор низ кумак мерасонад.
«Соли равон бо мусоидату дастгирии ширкат боми кӯдакистони шаҳрак аз таъмири асосӣ бароварда шуда, ба кормандони бемористон ҳамчун изофапулӣ ба маош ҳар моҳ аз корхона дар маҷмӯъ 2,5 ҳазор сомнӣ маблағ ҷудо мегардад. Ғайр аз ин, ҳар моҳ тибқи дархости сардухтур, беморхона бо дорувории зарурӣ таъмин карда мешавад», – афзуд номбурда.