Ахири ҳафтаи гузашта дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентӣ Рустам Назаров бо Намояндаи махсуси Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид, Сарвари Маркази минтақавии СММ оид ба Дипломатияи “Превентивӣ”, Сафир Мирослав Енча доир гардид.
Чуноне аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот, ки бо ташаббуси Маркази минтақавии Дипломатияи первентивӣ барои Осиёи Марказӣ ташкил шуда буд, Директори Агентӣ ҷаноби Сафирро бо вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон, ҳамчунин минтақаи Осиёи Марказӣ шинос намуд.
Ғайр аз ин Р.Назаров ба меҳмон дар бораи ташкили ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ бо ҳамкорон аз кишварҳои ҳамсояи минтақа дар кори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маълумот дод.
Сарвари АНМН дар бораи тадбирҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати маводи мухаддир меандешад, оид ба фаъолияти Агентӣ, комёбиҳо ва дурнамои рушди он муфассал нақл намуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавии мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳамчунин дурнамои рушди он баъди баровардани нерӯҳои НАТО аз сарзамини ҶИА дар соли 2014 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар поёни вохӯрӣ ҷонибҳо дар мавриди ҳамкориҳои самарабахш миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори умед карданд.