Имрӯз дар кооперативи «Роҳбар Қосимов»-и ноҳияи Кӯлоби вилояти Хатлон раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов шахсан ба киштукори пунбадона дар мавсими соли равон ҳусни оғоз бахшид.
Чуноне ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб Файзалӣ Қурбонов хабар дод, имрӯз дар кооперативи зикршуда ва ҳамчунин хоҷагиҳои деҳқонии ба номи «Зебо Гадоева» ва «Давлат Назаров» дар маҷмуъ ба 15 гектар пунбадона кишт мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, соли равон дар ноҳия кишти пунбадона дар майдони 4 ҳазор гектар пешбинӣ шуда, аммо дар сурати идомаи тамоили поин рафтани қимати нахи пахта дар биржаҳои савдои байнулмилалӣ, кам гардидани майдони кишти он низ аз эҳтимол дур нест.
Номбурда афзуд, бинобар сабаби якбора поин рафтани қимати нахи пахта, то ҳанӯз даҳҳо хоҷагиҳои ноҳия садҳо тонна нахи пахтаи ҳосили мавсими соли 2011-ро фурӯхта наметавонанд.