Имрӯз дар шаҳри Пекин, пойтахти Ҷумҳурии Халқии Хитой сеюмин ҷаласаи роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои иштирокчии Созмони ҳамкориҳои Шанхай оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба кори худ оғоз намуд.
Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни ин ҷаласа роҳбарони идораҳои мубориза бо маводи мухаддири кишварҳои узв масъалаҳои вобаста ба ташкили бахшҳои зиддимухаддиротӣ дар базаи Котиботи Созмони ҳамкориҳои Шанхай, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳамчунин натиҷаҳои татбиқи Созишнома миёни кишварҳои иштирокчии СҲШ оид ба ҳамкориҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳоро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.
Нишасти мазкур тибқи Созишномаи ҳамкориҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, модаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ки 17 июни соли 2004 дар шаҳри Тошканд ба имзо расида буд, инчунин Стратегияи зиддимухаддиротии давлатҳои узви СҲШ барои солҳои 2011-2016 ва Барномаи татбиқи он, ки 15 июни соли 2011 дар шаҳри Остона тасдиқ шуда буд, доир мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Одинаева намояндагӣ мекунад.