Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими расмии имзои Санади таҳвилу қабули кӯмаки бебозгашти Ҷумҳурии Мардумии Чин иборат аз 10 адад автобус ва 25 адад трактор, ки дар асоси гуфтушунидҳои дуҷонибаи қаблӣ амалӣ шудааст, доир гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур иитилоъ доданд, ҳуҷҷати мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, Саидраҳмон Назриев ва аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин Сардори Департаменти тиҷорати Ноҳияи Мухтори Синзян-Ӯйғур, ҷаноби Хэ Имин ба имзо расониданд.