Баъди анҷоми бомуваффақияти Конфронси панҷуми минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA V), Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) дар якҷоягӣ бо намояндагии Хазинаи Оғохон дар ИМА ва ҳамкории зич бо Ширкати “Помир Энержӣ” созишномаеро оиди мусоидатнамоӣ ба тиҷорати бурунмарзии нерӯи барқ миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро ба имзо расонд.
Чуноне аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, тавассути Лоиҳаи худ оид ба амният, самаранокии энергетикӣ ва тиҷорати минтақавии нерӯи барқ (RESET) илова ба тахминан 140 000 доллар, ки намояндагии Хазинаи Оғохон дар ИМА барои расонидани кӯмак ба Ширкати “Помир Энержӣ” ҷиҳати кашидани хатҳои фаромарзии интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон бо мақсади қонеъгардонии эҳтиёҷоти энергетикии ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон тақдим намудааст, USAID 785 000 доллар таъмин менамояд.
Дар доираи лоиҳа ба деҳаҳои Тижмой ва Пидруди назди Сарчашма ва деҳаи Виёд нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Кор дар муддати 15 моҳ ба анҷом расонида мешавад. Тавсеаи интиқоли бурунмарзии нерӯи барқ ба деҳаҳои иловагии мазкури ноҳияи Шуғнон ба ҳамкории энергетикии минтақавӣ мусоидат мекунад, фаъолияти минтақавии иқтисодиро вусъат мебахшад ва рушди корхонаҳои хурди тиҷоратии ноҳиявиро густариш медиҳад.
Ҳангоми шарҳи созишномаи тозаимзошуда Сафир Кен Гросс қайд намуд: “Он сифати зиндагии аҳолии маҳаллиро тавассути бори аввал таври арзон ва устувор дастрас намудани нерӯи барқ барои таъмини рӯшноӣ, пухтупаз ва ниёзҳои дигари аввалиндараҷаи одам таври назаррас баланд мебардорад. Дастрасӣ ба нерӯи барқ инчунин ба мардуми Афғонистон ҷиҳати кушодан ё вусъатдиҳии соҳибкории хурд ва ҳамин тариқ ба беҳтарнамоии сарчашмаҳои зиндагӣ кӯмак мерасонад. Дар баробари сармоягузориҳои саҳҳомӣ ба сохтмони пулҳо, бозорҳо ва роҳҳои нақлиётӣ, он ба рушди тиҷорат ва иқтисод дар мисоли пуштибонии Ҳукумати ИМА аз мушоракати минтақавӣ баҳри густариши ҳамкорӣ ва интегратсияи иқтисодии минтақавӣ ба манфиати тамоми аҳли минтақа мусоидат мекунад.
Лоиҳаи USAID RESET яке аз лоиҳаҳои зиёди дастгирии рушд мебошад, ки аз ҷониби мардуми Амрико тавассути USAID имконпазир шудааст. Аз соли 1992 сафорати ИМА дар Душанбе тахминан 984 миллион доллар ба барномаҳои тақвияти ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва болоравии иқтисодии Тоҷикистон таъмин намудааст.