Чанде қабл миёни Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Суғд ва ширкати амрикоии Metals & Materials Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маъмурияти МОИ «Суғд» хабар доданд, ёддошт бо мақсади ҳамкории муштараки пурсамар бо Metals & Materials дар роҳи ҷалби сармоя, технологияҳои олӣ ва коркардҳои инноватсионӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна дар қаламрави МОИ ба тасвиб расидааст.
Ба иттилои манбаъ, дар Ёддошт масоили роҳандозии ҳамкории ҷонибҳо дар самти густариши робитаҳо миёни тоҷирон, дастгирии мутақобилаи тадорукотӣ оид ба ҷустуҷӯйи сармоягузорони имконпазир ва шарикон барои татбиқи лоиҳаҳо дар МОИ «Суғд» пешбинӣ мешавад.
«Дар чаҳорчӯби ёддошт ҷонибҳо баҳри дастгирӣ ёфтан аз ҷониби Бонки содиротии ИМА Exim Bank ва дигар фондҳои амрикоии ҳукумативу хусусӣ ҷиҳати ҷалби сармоя талош хоҳанд варзид», – гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки дар сурати зарурат баҳри амалисозии лоиҳаҳо бо назардошти кишвари боррасони таҷҳизот ва технология сарчашмаҳои маблағгузории ба ин монанд аз Иттиҳоди Аврупо низ ҷалб хоҳанд шуд.