Дар семоҳаи аввали соли равон дар Тоҷикистон ба маблағи қариб 2 млрд сомонӣ (беш аз 420 млн. $) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 14,6% ё худ ба маблағи 250 млн. сомонӣ зиёдтар аст.
Ба иттилои манбаъ, афзоиш аз ҳисоби корхонаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноат 91,1 млн. сомонӣ, корхонаҳои пахтатозакунӣ – 173,3 млн. сомонӣ ва бахши хусусӣ – 31,8 млн. сомонӣ таъмин гардидааст.
Дар ҳамин давра корхонаи бузургтарини саноатии Тоҷикистон КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» ҳамагӣ ба маблағи 27,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард.
Дар саноати истихроҷ дар моҳҳои январ-марти соли 2012 ба маблағи 184,5 млн. сомонӣ (9,4%-и маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ) ва дар саноати коркард ба маблағи 1285,7 млн. сомонӣ (65,7%) маҳсулот истеҳсол гардидааст. Боқимонда 486,5 млн. сомонӣ (24,9%) ба истеҳсолу тақсими қувваи барқ, газ ва об рост меояд.