Имрӯз дар толори конфронсии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи «Афзун кардани огоҳии намояндаҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ, ҳукумати маҳаллии вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ оид ба масоили ҳисоботи дохилӣ ва таъминоти иҷтимоӣ» мизи гирд доир мегардад.
Тавре аз хадамоти матбуоти Кумита хабар доданд, чорабинии мазкур аз ҷониби Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ маблағгузорӣ шуда, аз тариқи СҶ «Рушди деҳот» ва аъзои шабакаи Марказҳои кӯмаки ҳуқуқӣ амалӣ мегардад.
«Суҳбати мизи мудаввар дар мавзӯи «Шарикӣ: таҷриба ва дурнамои афзун кардани огоҳии ҳуқуқии намояндаҳои соҳибкории хурду миёна» баргузор мегардад», – гуфтанд дар хадамоти матбуот.
Бино ба иттилои манбаъ, дар сӯҳбати мизи гирд масоили сетарафаи ҳамкорӣ, таҳким ва тавсеаи робита бо мақомоти ҳукуматӣ, созмонҳои байналхалқӣ ва сектори хусусӣ оид ба афзун кардани огоҳии ҳуқуқӣ баррасӣ мегардад. Ҳамчунин натиҷаи фаъолият ҳангоми амалӣ шудани лоиҳа муаррифӣ карда мешавад.
Маълумот:
Лоиҳаи «Афзун кардани огоҳии намояндаҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ, ҳукумати маҳаллии вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ оид ба масоили ҳисоботи дохилӣ ва таъминоти иҷтимоӣ» аз моҳи сентябри соли 2011 то моҳи апрели соли 2012 амалӣ гардид.