Рӯзи 10- уми апрел дар майдончаи варзишии мактаби миёнаи № 1-и шаҳри Ваҳдат байни ду гурӯҳи ҷавонон задухӯрд рух дода, дар натиҷа шаҳрванд Ш. Анушервони 22-сола, сокини кӯчаи Салимзода бинобар сабаби ҷароҳатҳои вазнин бардоштан ба ҳалокат расид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, шаҳрвандон Ш. Ҷамшед ва Қ. Идибеги 16-сола, истиқоматкунандагони кӯчаи Салимзода, Н. Абдулаҳади 20-сола, сокини кӯчаи Бинокорон, Ҳ. Фахриддини 21-сола, сокини кӯчаи Рӯдакӣ ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ гирифтанд.
Зикр гардид, ки иштирокчиён ва нафарони дар ин муноқиша дастдошта аз ҷониби кормандони ШКД-и шаҳри Ваҳдат боздошт гардида, мавриди пурсуҷӯй қарор доранд.
Ёдрас мекунем, ки тахминан як моҳ пештар бар асари муноқишаи толибилмони ду мактаби таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, ду нафар хонандагон захмҳои сабуки корд гирифта буданд.