Чанде қабл мулоқоти Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Директори намояндагии ҶСК «ТВЕА» дар Тоҷикистон Ван Цзян ва мутахассисони ин ширкат баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати мазкур иттилоъ доданд, вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ яке аз корхонаҳои муҳимтарини соҳаи семент дар ҷумҳурӣ будани ҶСК «Тоҷиксемент» ва масъалаи гузаронидан аз гази табиӣ ба ангиштро дар ин корхона таъкид ва дар самти мазкур ба роҳ мондани ҳамкориҳоро мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд.
Директори намояндагии ҶСК «ТВЕА» дар Тоҷикистон Ван Цзян қайд кард, ки ширкат масъалаи гузаронидани ҶСК «Тоҷиксемент» ба истифода аз ангишт дар заминаи таҷҳизотҳои корхона, воридоти хатҳои нави технологӣ мавриди омӯзиш қарор хоҳад дод.
Масъалаи истифодаи ангишт дар корхонаҳои сементбарорӣ ва дигар соҳаҳо якчанд сол аст, ки зери таваҷҷӯҳи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва то имрӯз дар ин самт як қатор комёбиҳо ба даст омада, аз ҷумла 6 корхонаи сементбарорӣ ва дар маҷмӯъ 131 корхонаи саноатӣ ба истифода аз ангишт гузаронида шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки шуруъ аз 1-уми апрел Ӯзбекистон интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро қатъ карда, сабаби онро норасоии захираҳо унвон кард.
Корхонаҳои бузургтарини Тоҷикистон – КВД «Корхонаи алюминии тоҷик» ва «Тоҷиксемент», ки ба сифати маводи сӯхт газро истифода мекарданд, айни замон роҳҳои алтернативии раҳоӣ аз чунин вазъро меҷӯнд.
Чанде қабл муовини директори корхонаи «Тоҷиксемент» Музаффар Ҳакимов дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошта буд, ки дар корхона бинобар мавҷуд набудани гази табиӣ истеҳсолот боздошта шуд.
Ба гуфтаи вай, то моҳи апрел дар корхона ҳамарӯза то 600 тонна семент истеҳсол мегардид. «Аз 1-уми апрел интиқоли газ ба корхона қатъ шуд, ки ин боис ба қатъи кори мо гардид», – гуфт вай.
Ба эътиқоди Ҳакимов, коргарони корхона ҳамарӯза ба кор меоянд ва ҳанӯз дар бораи ихтисори ҳайати шахсии корхона сухан намеравад, ҳарчанд чунин вазъ ба руҳияи онҳо бетаъсир намонд.
Дар робита ба масъалаи гузаштани корхона ба истифодаи ангишт ҳамчун сӯзишворӣ Ҳакимов гуфт, бидуни гузаронидани ташхиси экологӣ, ҳалли масоили маблағгузорӣ, омӯзиши мутахассисон барои кор дар таҷҳизоти нав ҳалли ин масъала ғайриимкон аст.
Қобили зикр аст, ки маҳсулоти «Тоҷиксемент» асосан дар сохтмони иншооти муҳими кишвар, аз ҷумла корҳои барқароркунӣ дар нерӯгоҳи «Роғун» ва бунёди роҳу пулҳо истифода мешаванд.
Иқтидори «Тоҷиксемент» истеҳсоли 1 млн. 100 ҳазор тонна семент дар як солро ташкил медиҳад, вале ахиран корхона танҳо бо истифодаи 70%-и иқтидор фаъолият дошт.