Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасии лоиҳаи «Мусоидат ба рушди институтсионалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, санадро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев ба имзо расониданд.
Ба иттилои манбаъ, мақсади лоиҳаи мазкур мусоидат ба таҳкими зарфияти касбии кормандони дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва баланд бардоштани дониши онҳо оид ба ваколатҳои ниҳодҳои СММ ва масъалаҳои глобалӣ мебошад.
Зикр гардид, ки ҳуҷҷат ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳим, аз ҷумла барқарорсозии шарокат бо марказҳои миллӣ ва байналмилалии илмӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хизматрасонии илмӣ-тадқиқотӣ ба Вазорати корҳои хориҷӣ дар соҳаҳои мунтахабро дар бар мегирад.