spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Идомаи гуфтушунид оид ба афзоиши интиқоли барқ ба Афғонистон


Миёни Тоҷикистону Афғонистон оид ба масъалаи афзудани ҳаҷми интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон гуфтушунид идома дорад, – иброз дошт сухангӯйи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ.

Ба гуфтаи вай, айни замон дар хусуси афзоиши ҳаҷми интиқоли барқ ба Афғонистон ҳарф задан ҳанӯз барвақт аст, зеро вазифаи авалиндараҷаи ширкат таъмини истеъмолгарони дохили ҷумҳурӣ бо барқ аст.

Ғайр аз ин, ба қавли ӯ, айни замон обанбори нерӯгоҳи бузургтарини Тоҷикистон – «Норак», ки 70%-и истеҳсоли барқи кишвар ба он рост меояд, бо об пур карда мешавад.

«Барои таъмини пурраи истеъмолгарони дохили ҷумҳурӣ бо барқ ва афзоиши ҳаҷми интиқоли он ба Афғонистон, моро зарур аст, ки обанбораи Норакро бо об пур намоем ва феълан боз пур кардани 53 метр об (фарқ миёни сатҳи мӯътадили фишорӣ (910 метр) ва сатҳи ҳадди ақалл (857 метр) дар обанбор боқӣ мондааст», – гуфт сухангӯйи ширкат.

Бино ба маълумоти ширкати энергохолдингӣ, айни замон маҷрои резиши оби рӯдхонаи Вахш ба обанбор зиёда аз 700 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад.

Дар робита ба масъалаи, интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон Н.Ёдгорӣ изҳор кард, ки айни замон ҳаҷми он ба 20 МВт баробар аст. Ба қавли ӯ, ин ҳаҷм барои хизматгузории хатти интиқоли барқ ва эмин нигоҳ доштани он аз харобкориву дуздӣ пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки хатти интиқоли барқи 220 Кв Сангтӯда-Пули Хумрӣ моҳи октябри соли 2011 мавриди истифода қарор гирифта, он имкон медиҳад, ки нерӯи барқи Тоҷикистон ба музофоти шимолии Афғонистон интиқол дода шавад.

Арзиши 1 Квт/соат нерӯи барқи Тоҷикистон барои истеъмолгарони афғон 3,57 сентро ташкил хоҳад дод. Маврид ба ёдоварист, ки арзиши 1 Квт/соат нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон аз 1-уми апрели соли ҷорӣ то ба 11 дирам (2,3 сент) расонида шуд.  

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...