spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Роҳҷӯии корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон ба бозори Туркия


Аз 21-ум то 24-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Истанбул нӯҳумин намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷӣ доир мегардад, ки дар он бори нахуст се корхонаи нассоҷии Тоҷикистон – “Олим Текстайл”, “Хима Текстайл” ва “Неку Хуҷанд” дар иштирок мекунанд.

Намоишгоҳи нассоҷии Истанбул бо садҳо ширкаткунанда ва ҳазорҳо боздидкунанда яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои соҳавӣ дар минтақа маҳсуб мегардад. Ин сафар дар чаҳорчӯбаи барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» сурат мегирад. Барномаи мазкур аз ҷониби Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) амалӣ ва аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.

Саидмӯъмин Камолов, роҳбари дафтари МБТ дар Тоҷикистон, ки ҳайъати Тоҷикистонро дар намоишгоҳ роҳбаладӣ мекунад, мегӯяд: “Намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷии Истанбул  яке аз беҳтарин маконҳои дидори фурӯшандаҳои маҳсулоти нассоҷӣ ва харидорони он мебошад. Боздидкунандагони ин намоишгоҳ имкон доранд, то бо пешниҳодҳои тавлидгарони маҳсулоти нассоҷӣ шинос шаванд ва беҳтаринҳояшро интихоб кунанд”.

Ҳудуди 400 ширкат аз кишварҳои гуногун дар намоишгоҳи мазкур маҳсулоти худро ба маърази тамошо хоҳанд гузошт. Ин намоишгоҳ, ҳамчунин, мизбони беш аз 25 000 боздидкунанда аз тақрибан 50 кишвари ҷаҳон хоҳад буд. Нӯҳумин намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷии Истанбул ҳамроҳ бо Текспо Авруосиё-2012 – намоишгоҳи 29-умини таҷҳизоти нассоҷиву дӯзандагӣ ва маҳсулоти кимиёӣ баргузор мегардад. Дар Истанбул нахи пахтагин ва пӯстӣ, таҷҳизоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, матоъҳо, риштаҳо ва ғайра ба намоиш гузошта мешавад.

Ба гуфтаи ҷаноби Камолов, намоишгоҳ имконияти дарёфти ҳамкорон ва муштариёни нав дар бозори байнулмилалиро барои корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон бештар мегардонад. Ӯ мегӯяд, “иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Истанбул имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байнулмилалӣ намоиш бидиҳанд, бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоянд ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшанд. Корхонаҳои Тоҷикистон аз дастрасӣ ба бозорҳои нав дар Туркия, ки саввумин кишвари истеҳсолкунанда мебошад, манфиатҳои беназир хоҳанд ёфт”.

Аъзои ҳайъати Тоҷикистон мутмаинанд, ки иштирок дар ин намоишгоҳ дарҳои нав ба яке аз бозорҳои муҳимтарини нассоҷии минтақаро ҳам барои корхонаҳое, ки аллакай дар ин бозор ҳузур доранд, ва ҳам барои корхонаҳое, ки барои роҳ ёфтан ба ин бозор талош доранд, боз мекунад. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...