spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Имкони таъсиси фондҳои қарзии имтиёзнок барои тиҷорат


Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди ҳукумати ҶТ бо иштироки кормандони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, вазорату идорахои дахлдор ва ҳамчунин намояндагони бахши хусусӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ лоиҳаи пешакии қонун «Дар бораи дастгирии соҳибкории хурду миёна» баррасӣ шуд.

Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Манзура Маҳкамова зикр кард, ки қонуни нав ба таъмини хубтари субъектҳои соҳибкории хурду миёна бо шароитҳои мусоиди корӣ ва рақобатпазирӣ нигаронида шудааст.

Мушовир оид ба масоили ҳуқуқии Кумита Сарвар Холиқов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» гуфт,  ба ин монанд қонуни амалкунанда ҳанӯз соли 2002 қабул гардида, бинобар сабаби тағйироти зиёде дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва қонунгузории миллӣ ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест ва аз ин рӯ, имрӯз дастгирии воқеии соҳибкорӣ аз ҷониби давлат эҳсос намешавад.

«Қонуни нав ба танзими дастгирии воқеии соҳибкории хурду миёна аз ҷониби давлат нигаронида шуда, дар асоси он имкони таъсиси фондҳое мавҷуданд, ки ба соҳибкорон бо шартҳои имтиёзнок қарз дода тавонанд», – гуфт вай.

С.Холиқов зикр кард, ки мушкилоти асосии имрӯзаи соҳибкор фоизҳои беҳад баланди қарзҳои бонкӣ мебошад. «Бо 30-36%-и фоизи қарзи бонкӣ дар як сол метавон танҳо ба хариду фурӯш машғул шуд, зеро барои роҳандозии истеҳсолот ва ба даст овардани фоида аз он муддати зиёдтаре лозим аст», – иброз дошт ӯ.

Номбурда изҳор кард, ки мушкили дигар барои соҳибкорон низоми хеле мураккаби иҷозатномадиҳӣ аст. «Соли гузашта шумори чунин иҷозатномаҳо аз 600 то 80 номгӯй коҳиш дода шуд ва акнун мо онро боз 50 дарсад кам карданием, зеро ҳар қадре соҳибкор бо маснабдор камтар муносибат кунад, ҳамон қадар мизони ришвахорӣ коҳиш меёбад», – афзуд мушовир.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...