spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Манъи расмии фаъолияти «Ҷамоати Ансоруллоҳ» дар Тоҷикистон


Суди олии Тоҷикистон расман эълом дошт, ки фаъолияти гуруҳи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ карда мешавад.

Қарори суд аз ҷониби судяи Суди олӣ Тоҳир Қодиров дар ҳузури намояндагони васоити ахбори умуми ватаниву хориҷӣ, кормандони тамоми мақомоти қудратӣ ва Кумитаи умури дини кишвар қироат карда шуд. Қарори мазкур бо даъвои Прокурори генералӣ қабул шуд. Ин ташкилот террористӣ ва ифротгаро унвон шуд.

Ба қавли судя, ин қарор бо мақсади ҳифзи сохти конститутсионӣ ва таъмини амнияти кишвар қабул шудааст. Ҳамчунин паҳнкунии маҳсулоти аудио ва видеоии гуруҳ ва таблиғоти ғояҳои он низ манъ шуд. Дастрасӣ ба ду веб-сомонаи созмон www.irshod.net, www.irshod.com. низ мамнуъ эълон шуда, дар қаламрави Тоҷикистон дастрасӣ ба онҳо расман манъ аст.

Намояндаи дар вохӯрӣ ҳузурдоштаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар робита ба фаъолияти ин гуруҳ изҳор кард, ки «Ҷамоати Ансоруллоҳ» шуъбаи тоҷикистонии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон аст ва аз ҷониби «Ал-Қоида» маблағгузорӣ мешавад.

«Аъзои ин гуруҳ ба ҳодисаҳои Рашт дар моҳи сентябри соли 2010, содир намудани амали террористӣ дар назди бинои Шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории созмонёфтаи вилояти Суғд ва ҳамчунин кӯшишоти содир кардани як силсила амалҳои террористӣ дар шаҳри Душанбе даст доранд», – гуфт намояндаи КДАМ.

Ҳамчунин ӯ иброз дошт, ки ҳангоми азназаргузаронии макони будубоши гуруҳи Мулло Абдулло, ки моҳи апрели соли 2011 дар водии Рашт кушта шуд, парчами ҷангии «Ҷамоати Ансоруллоҳ» дарёфт шудааст.

Намояндаи Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ Муҳаммадҷон Хайруллоев зикр кард, ки танҳо барои узвият дар ин гуруҳ тибқи моддаи 307

1

КҶ ҶТ (Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) то 8 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Ҳукуматдорони Тоҷикистон тобистони соли гузашта пас аз дар шабакаи Интернет пайдо шудани муроҷиати гуруҳи шахсони мусаллаҳ бо даъвати аҳолӣ ба ҷиҳод дар бораи ин гуруҳ хабар доданд.

Дар навори видеоӣ аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ, бахусус аз мусулмонон даъват ба амал оварда мешавад, ки тавассути амалҳои террористӣ, ҳамлаҳои мусаллаҳона ва қатли кофирон муқобили сиёсати давлату демократия фаъолият намуда, ба ҷиҳод бархезанд.

«Онҳое, ки намоз мехонанд, рӯза медоранд, ҳаҷ мекунанд, вале аз демократия ҷонибдорӣ менамоянд, кофир мебошанд»,- мегӯяд марде дар видео ва тамоми муслимини кишварро даъват менамояд, ки онҳоро дастгирӣ намоянд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан узви гурӯҳи мазкур ҳодисаи таркишеро, ки 3 сентябри соли 2010 дар назди бинои Раёсати мубориза бо ҷинояткориҳои муташаккилонаи Хуҷанд ба амал омада буд, ба дӯш гирифта буд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...