Нимаи дуюми рӯзи 8-уми май дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо намояндагони ширкати HOS International Trading (PTY) Ltd (Малайзия) бо сардории Хилай Абдул Сатар баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар вохўрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба сохтмони нерўгоҳҳои барқи обии хурду миёна ва сохтмони маркази барқу гармдиҳиро бо истифода аз ангишт (300 мВт) дар шаҳраки Шўроби н.Исфара мавриди баррасӣ қарор доданд.
Пас аз вохўриҳо ва гуфтушунидҳо Меморандум оид ба ҳамкориҳо миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати HOS International Trading (PTY) Ltd дар соҳаи сохтмони нерўгоҳҳои барқи обии хурду миёна ва Меморандум оид ба ҳамкориҳо дар самти бунёди сохтмони маркази барқу гармдиҳӣ бо истифода аз ангишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.