Рӯзи 20-уми май дар шаҳри Душанбе Рӯзи дави миллӣ баргузор мешавад. Дар ин бора қарори дахлдори раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба имзо расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, чорабинии мазкур бо мақсади ташвиқу тарғиби ҳаракати байналмилалии олимпӣ, тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи варзиш ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» гузаронида мешавад.
Ба гуфтаи Ш.Саидов, дави миллӣ рӯзи якшанбеи оянда соати 9:00-и субҳ дар тамоми ноҳияҳои пойтахт оғоз мегардад. Масофа барои иштирокчиён 3 километрро ташкил медиҳад.
«Раиси пойтахт аз тамоми донишҷӯёну толибилмони макотиби олӣ ва таҳсилоти умумӣ, кормандони муассисаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ сарфи назар аз шакли моликиятьашон ва тамоми сокинони шаҳри Душанбе даъват ба амал меоварад, ки дар чорабинии варзишии мазкур фаъолона иштирок намоянд», – афзуд Ш.Саидов.