Дар зарфи 4 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 150 ҳазор $ ҳудуди 130 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шуд.
Тавре аз Вазорати энергетика ва санорати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин давра ба ҷумҳурӣ аз ҷумла беш аз 66,5 ҳазор тонна бензин, 35,2 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 16,2 ҳазор тонна сӯзишворӣ барои ҳавопаймо ва дигар маводи сӯзишвориву равғанҳои молиданӣ оварда шуд.
Бино ба маълумоти вазорат, қариб 63% (81 ҳазор тонна)-и маҳсулоти нафтии дар ин муддат воридшуда аз Русия оварда шудааст. Аз Туркманистон ҳудуди 30 ҳазор тонна (22,5%), аз Қазоқистон – 6,2 ҳазор тонна (4,8%), аз Белорус – 6,1 ҳазор тонна (4,7%) ва Қирғизистон – 3,8 ҳазор тонна (3%) маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст. Ҳаҷми боқимонда аз Озарбойҷон, Украина ва дигар кишварҳо оварда шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта коҳиши ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба мушоҳида расида, мутаносибан ҳаҷми воридоти он аз Туркманистон рӯ ба афзоиш аст. Дар давраи зикршуда ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба миқдори қариб 15% коҳиш ёфта, воридоти он аз Туркманистон тақрибан ба андозаи 8% афзудааст.
Дар маҷмӯъ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон қариб ба андозаи 24% коҳиш ёфтааст: дар моҳҳои январ-апрели соли 2011 ба ҷумҳурӣ наздик ба 170 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардида буд.