spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Мушкилоти мусофирони «Тоҷик-Эйр» дар фурудгоҳи Хуҷанд


Мусофирони хатсайри ҳавоии Хуҷанд-Душанбе, ки мебоист шоми рӯзи 20-уми май тавассути ҳавопаймои ширкати «Тоҷик-Эйр» ба Душанбе парвоз мекарданд, бинобар сабаби номусоидии обуҳаво, шабро дар толори интизории фурудгоҳ рӯз карданд.

Мусофирон аз таъмин накардани онҳо бо оби нӯшокӣ, хӯроки гарм ва ҷойи истироҳат дар муддати 7 соат шикоят карданд.

Ба идораи ОИ «Азия-Плюс» нусхаи аризаи мусофирон ба унвони прокуратураи нақлиёти ноҳияи Бобоҷон Гафуров дастрас гардид, ки дар он бобати вазъи рухдода муфассал маълумот дода мешавад.

«Соати 20-у 30 дақиқаи вақти маҳаллӣ мо бояд ба Душанбе парвоз мекардем, вале ба иллати номусоидии обуҳаво парвоз ба таъхир гузошта шуд. Бо гузашти ҳар соате ба мо эълон мекарданд, ки парвози ҳавопаймо боз ба муддате мавқуф гузошта мешавад. Дар натиҷа мо бидуни оби ошомиданиву хӯроки гарм 7 соатро дар толори сарди интизории фурудгоҳи Хуҷанд гузаронидем. Миёни мо кӯдакону пиронсолон ва шаҳрвандони хориҷӣ ҳузур доштанд», – изҳор кардаанд мусофирон дар ариза.

Онҳо шабона ба намояндаи ширкати «Тоҷик Эйр» муроҷиат намудаанд, вале аз ӯ ҷавоби қаноатбахшеро интизор нашудаанд.

«Мусофирон тамоми шаб бо мушкилоти зиёде мувоҷеҳ гардиданд. Ҳатто ба мусофироне, ки ҳамроҳашон кӯдак доштанд, дар ҳуҷраи модару кӯдак ҷой дода нашуд. Мо аз беамалии ширкати масъули ҳамлу нақл хеле ошуфтаву дар тааҷҷубем», – изҳор кард ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз мусофирони хатсайри ҳавоии Хуҷанд-Душанбе Дмитрий Прудских.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...