Бо мақсади таъмини хизматрасонии хуб ва муосири бонкӣ ахири ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон филиали нави «Тоҷиксодиротбонк» расман ифтитоҳ гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти бонки мазкур иттилоъ доданд, бинои филиал тибқи талаботи муосири бонкдорӣ ва дар асоси бренди ягонаи Бонк бунёд ва бо навтарин таҷҳизоти техникиву идорӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Дар чорабинӣ ба ифтихори кушодашавии расмии филиал масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Ховалинг, роҳбарият ва аҳли кормандони «Тоҷиксодиротбонк», намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва мардуми ноҳия иштирок намуданд. Зимни суханрониҳо тазаккур дода шуд, ки фаъолияти филиал имкон медиҳад барои мутахассисони соҳавии ноҳия 30 ҷойи нави корӣ омода шуда, ҳамзамон, бо истифода аз хизматрасониҳои бонкӣ барои пешбурди фаъолияти намояндагони соҳаҳои гуногуни ноҳия заминаи воқеӣ гузошта шавад.
Пас аз буридани лентаи рамзӣ роҳбарияти Бонк якҷо бо меҳмонон ва сокинони ноҳия вориди бино гашта, бо шарту шароити он аз наздик ошно гаштанд.