Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Филипп Ле Уэру баъди мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ва муҳокимаи лоиҳаҳои рушди аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузоришуда сафари худро ба Тоҷикистон ба анҷом расонид.
Дар иттилоияи интишоршудаи намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон гуфта мешавад, ҳангоми мулоқот бо президент Раҳмон ва аъзоёни олимақоми Ҳукумати ҶТ, ҷ-би Ле Уэру аҳамияти махсуси бахши энергетикаи Тоҷикистон ва инчунин ҳаҷми бузурги захираҳои оби кишварро қайд намуд.
«Дар давоми солҳои ҳамкорӣ, иштироки Бонки ҷаҳонӣ дар бахши энергетикаи Тоҷикистон аз дастгирии кӯшишҳои Ҳукумати ҶТ бо мақсади таъмин намудани интиқоли боэътимоди нерӯи барқ ба истифодабарандагон, ҳалли масъалаи норасоии назарраси нерӯи барқ дар фасли зимистон, кам кардани талафот дар системаи интиқоли нерӯи барқ ва таҳкими низоми идоракунии молиявӣ дар бахши энергетика иборат буд. Илова бар ин, Бонк вариантҳои таъминоти нерӯи барқро бо мақсади арзёбии манбаъҳои алтернативии нерӯ барои Тоҷикистон омӯхта истодааст», – баён мегардад дар иттилоия.
Дар итилоия зикр мегардад, ки ҷавобан ба дархости Ҳукумати Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ инчунин барои ду таҳқиқоти арзёбӣ ҷиҳати баҳодиҳии ба мақсад мувофиқ будани лоиҳаи Нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун (НБО) тибқи стандартҳои байналмиллалӣ, бахусус арзёбии фаннӣ ва иқтисодӣ ва арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ маблағ ҷудо намуд. Тибқи қарордод бо Ҳукумати ҶТ, ду гурӯҳи байналмиллалии коршиносон дар таҳқиқоти арзёбӣ иштирок карда, фикру мулоҳизаҳо ва тавсияҳои худро пешниҳод менамояд. Ғайр аз ин, дар давоми раванди мазкур, кишварҳои ҳавзаи дарёӣ бо маълумот таъмин карда шуда, ба ҷараёни машварат ҷалб карда мешаванд.
«Дар давоми мулоқотҳо бо Президент ва аъзоёни олимақоми Ҳукумати Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ рафти иҷроиши таҳқиқотҳои арзёбиро оид ба НБО-и Роғун муҳокима намуд. Дар рафти вохӯриҳо, Бонк бори дигар ташвиши худро оид ба масоили раванд ва методологияи гузаронидани таҳқиқот изҳор намуд», – таъкид мегардад дар иттилоия.
Дар иттилоия қайд мешавад, ки маблағгузории ҷорӣ барои гузаронидани таҳқиқоти арзёбӣ оид ба лоиҳаи пешниҳодшудаи Роғун дар доираи Лоиҳаи кам кардани талафоти энергетикӣ дар Тоҷикистон (ЛКТТ), аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузоришуда пешниҳод мешавад, ки он 30 июни соли 2012 ба анҷом мерасад. «Идома ёфтани маблағгузории таҳқиқоти арзёбӣ оид ба лоиҳаи Роғун аз ҳисоби Маблағгузории иловагӣ барои ЛКТТ, ки ба қарибӣ аз ҷониби Шӯрои директорони Бонки ҷаҳонӣ тасдиқ гардид, пешбинӣ шудааст, – гуфта мешавад дар идома. – Барои эътибор пайдо намудани созишнома дар бораи Маблағгузории иловагӣ, ба Ҳукумати Тоҷикистон зарур аст ҳамаи масъалаҳои алоқаманд бо ҷараён ва методологияи гузаронидани таҳқиқотро ҷиҳати қаноатмандии Бонк ҳаллу фасл намояд».
Зикр мегардад, ки Бонки ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон ҳамкориии таърихи бистсоладоштаро бо мақсади минбаъд паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва бунёди пояи мустаҳкам барои рушди бахши хусусӣ ва таъсисдиҳии ҷойҳои корӣ дар кишвар идома хоҳад дод.
Бонки ҷаҳонӣ хотирнишон месозад, ки аз соли 1996 инҷониб, барномаи ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон татбиқи 85 лоиҳа ба маблағи тақрибан 700 млн. доллари ИМА-ро дарбар мегирад. Лоиҳаҳои мазкур ба сифати баландтари маълумот, дастрасии беҳтар ба кӯмаки тиббӣ, ҳуқуқҳои такмилдодашуда ҷиҳати истифодаи замин, шумораи бештари ҷойҳои корӣ дар деҳот, муҳити бештар мусоиди соҳибкорӣ ва инчунин рушди бахши хусусӣ саҳми худро мегузоранд.
Илова бар ин, дар доираи лоиҳаҳои ҷорӣ ва банақшагирифташуда кӯмаки фаврӣ дар робита бо норасоии нерӯи барқ дар фасли зимистон, норасоии озуқаворӣ ва обхезиҳои баҳорӣ пешниҳод мегардад. Ҳаҷми маблағи ба Тоҷикистон аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмиллалии рушд (АБР), фонди кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ ба кишварҳои дорои сатҳи пасти даромад ҷудошуда аз 75 миллион доллари ИМА дар солҳои 2009-2011 то 155 миллион доллари ИМА дар солҳои 2012-2014 афзоиш ёфт.
Сандуқи сармоягузориҳои Корпоратсияи байналмиллалии молиявӣ (КБМ) дар Тоҷикистон, ташкилоте ки ба гурӯҳи Бонки ҷаҳони шомил аст ва бо бахши хусусӣ кор мебарад, 37 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Маблағҳои мазкур ба лоиҳаҳои алоқаманд бо бозорҳои молиявӣ, истеҳсоли саноатӣ, агробизнес, хизматрасонӣ ва инфрасохтор равона шудаанд.
“Тӯли солҳои зиёди ҳамкорӣ Бонк кӯшиш мекард мушкилоти ин кишвари босуръат тараққикардаистодаро пешбинӣ намуда ҳаллу фасл намояд”, – қайд кард ҷ-би Ле Уэру. – Дар баробари кӯмак ба Тоҷикистон дар бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода ба монанди обхезиҳои фасли баҳори соли ҷорӣ, мо дар баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ барои аҳолӣ, деҳқонон ва ширкатҳо аз ҳисоби афзоиш додани захираҳои грантӣ сармоягузорӣ пешниҳод мекунем”.