Чанде қабл раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо тоҷирони кишвари Красноярски Русия – директори ҶДММ «Стройкомплект» Алесанд Гуляков ва директори генералии фирмаи «СУФУДЭ» Владимир Суфудэ мулоқот орост.
Тавре аз Маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот масоили ташкили воридоти масолеҳи чӯбу тахта аз кишвари Красноярск ба Тоҷикистон ва содироти хушкмева аз Тоҷикистон ба Красноярск мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Шариф Саид таъкид дошт, ки Тоҷикистон барои интиқоли маҳсулоти Русия ба Афғонистон метавонад ба сифати кишвари транзитӣ амал кунад.
Зикр гардид, ки дар ҷараёни мулоқот оид ба табодули маълумоти тиҷоратӣ ва ифтитоҳи Марказҳои савдои тарафайн дар Душанбеву Красноярск табодули афкор сурат гирифт.