Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба аксияи «Нест бод маводи нашъаовар!» ва бо сарпарастии Маркази солимии шаҳр дар Кӯлоб мусобиқоти гӯштини тарзи озод баргузор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мураббӣ Азиз Раҳматуллоев хабар дод, тамоми марказҳои тамринӣ бо изҳори хушнудӣ намояндагони худро ба мусобиқа фиристоданд.
Ба гуфтаи ӯ, дар мусобиқоти мазкур ҳудуди 100 нафар варзишгарон ширкат варзиданд. «Қувваозмоиҳои гӯштигирон дар боғи фарҳангу истироҳат баргузор шуда, ба ҷалби бештари тамошогарону мухлисон мусоидат намуданд», – иброз дошт мураббӣ.
Номбурда ҳамчунин гуфт, баъди аз ҷониби гӯштингири кӯлобӣ Искандари Рустам дарёфт намудани роҳхат ба Олимпиадаи Лондон, шумори ҳаводорони гӯштини тарзи озод миёни ҷавонони минтақа рӯз то рӯз зиёд мешавад.