Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ телефони боварии сардори Раёсати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба фаъолият оғоз кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилоят хабар доданд, аз ин ба баъд сокинони шаҳру навоҳии минтақа метавонанд тавассути телефони (84322) 6-22-22 бо арзу шикоят ва пешниҳод бевосита ба сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд генерал-майори милиса Шариф Назаров муроҷиат намоянд.
Телефони боварӣ муддати тамоми шабонарӯз фаъол хоҳад буд.