Варзишгарони Тоҷикистон боз ба ду роҳхат ба Олимпиадаи тобистонаи Лондон-2012 соҳиб шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Кумитаи миллии олимпии ҶТ Муҳаммадшо Абдуллоев хабар дод, ба Тоҷикистон дар шиновариву варзиши сабук ду иҷозатнома (литсензия)-и навбатӣ дода шуд.
Мутобиқи қарори муштараки Кумитаи байнулмилалии олимпӣ, федератсияҳои байнулмилалии дахлдор ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, роҳхатҳо ба Олимпиадаи Лондон-2012 тибқи низоми «wild-card» ба варзишгарон Екатерина Измайлова (шиноварӣ) ва Владислава Овчаренко (варзиши сабук) насиб шуданд.
Ҳамн тариқ, шумори варзишгарони тоҷик, ки ба роҳхати олимпӣ соҳиб шуданд, ба 15 нафар расид. То имрӯз варзишгарони тоҷик барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012 13 роҳхат ба даст оварда буданд. Инҳо Дилшод Назаров (гурзандозӣ), Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов (таэквон-до WTF), Анвар Юнусов, Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Мавзуна Чориева (бокс), Расул Боқиев ва Парвиз Собиров (дзюдо), Искандари Рустам, Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев (гуштии озод) мебошанд.
Ба гуфтаи М.Абдуллоев, Тоҷикистон боз ҷиҳати ба даст овардани иҷозатнома барои иштирок дар Олимиадаи Лондон имкон дорад. Айни замон масъалаи ҷудо кардани квотаҳои олимпӣ ба варзишгарони тоҷик Фарҳод Куралов (варзиши сабук) ва Сергей Бабиков (тирандозӣ) мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.