Чанде қабл дар яке аз қисмҳои низомии Сарраёсати нерӯҳои марзбониии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ маросими савгандёдкунии як гурӯҳ сарбозон баргузор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Хушнуд Раҳматуллоев хабар дод, беш аз 200 сарбозони даъватшуда дар ҳузури падару модарон, собиқадорони нерӯҳои марзбонӣ ва намояндагони аҳли ҷомеа савганд ёд карданд.
Сарбозонро ба ин муносибат муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии ҶТ полковник Саидамир Одинаев табрик гуфт.
Ба гуфтаи ӯ, бо сарбозони даъватшуда муддати 2 моҳ дар курсҳои омӯзишӣ машғулият гузаронида шуда, сипас онҳо ба қисмҳои низомӣ фиристода мешаванд.
Масофаи умумии сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Чин, ки бо ин давлатҳои ҷумҳурӣ ҳаммарз аст, ҳудуди 4 ҳазор километрро ташкил медиҳад.