Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон зимни гуфтушунид дар Исфара бобати ҳодисаи ба гаравгон гирифтани шаҳрвандони тоҷик аз ҷониби 10 нафар шаҳрвандони Қирғизистон дар вилояти ҳаммарзи Ботканд ба мувофиқа расиданд, ки ин қазия дақиқан мавриди тафтиш қарор гирифта, гунаҳкорон ҷазои сазовор хоҳанд гирифт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара хабар дод, дар гуфтушунидҳо аз ҷониби Қирғизистон муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон Курсан Асанов ва муовини раиси вилояти Ботканд Саидҷон Эратов иштирок доштанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин ба мувофиқа расиданд, ки тафтишоти парвандаи се нафар шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар вилояти Суғд бо симоб дастгир шуда буданд, низ бидуни ғаразе анҷом дода хоҳад шуд.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар вилояти Ботканд 17 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гаравгон гирифта шуда буданд. Ҳадафи ин амал ивази онҳо ба се нафар қирғизистониҳо буд, ки бо 103 кило симоб дар вилояти Суғд дастгир шуда буданд. Гаравгонон озод карда шуда буданд.
Дар Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кмитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» гуфтанд, айни замон марзи Тоҷикистону Қирғизистон таҳти назорат қарор дошта, вазъ орому осуда аст. «Қарор шуд, ки баҳри пешгирии ҷинояткорӣ дар марз намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон дар як моҳ як маротиба вомехӯранд», – гуфт манбаъ.