Дар вохӯрии сеюми гурӯҳи «С» дар мусобиқоти интихобии Чемпионати Осиё миёни ҷавонон (U-22) дар Малайзия дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз дастаи Қувайт бо ҳисоби 0 бар 1 шикаст хӯрд.
Бино ба маълумоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, голи ягонаро дар дақиқаи 75-уми вохӯрӣ муҳофизатгари дастаи Тоҷикистон Аҳтам Ҳамроқӯлов вориди дарвозаи худ намуд.
Дар вохӯриҳои дигари гурӯҳи «С» футболбозони Эрон дасти Малдивро бо ҳисоби калони 7 бар 0 шикаст дода, бозии дастаҳои Қатар ва Баҳрайн бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи дастаи Қатар анҷом ёфт.
Ҳамин тариқ, пас аз се вохӯрӣ дастаи Тоҷикистон соҳиби 3 имтиёз гардида, дар гурӯҳи «С» бо 9 имтиёз тими мунтахаби Эрон пешсаф аст. Бозиҳои дигари дастаи Тоҷикистон бо Эрон – 1-уми июл ва бо Қатар – 3-юми июл баргузор мешаванд.