Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-22) аз ҳуқуқи иштирок дар мусобиқоти минбаъда баҳри дарёфти роҳхат ба Чемпионати Осиё маҳрум шуд.
Бино ба маълумоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар давраи чаҳоруми мусобиқоти интихобии Чемпионати Осиё футболбозони тоҷик аз дастаи Эрон бо ҳисоби 0 бар 2 шикаст хӯрданд.
Бозии охиринро дар Малайзия футболбозони тоҷик пагоҳ бо дастаи Қатар доир мекунанд. Аз гурӯҳи «С» дастаҳои мунтахаби Эрон ва Қувайт ба даври минбаъда роҳхат гирифтанд.