spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Оғози амалиёти махсуси сохторҳои қудратӣ дар Хоруғ

Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Хоруғ амалиёти махсуси сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ҷиҳати нобуд сохтани дастаи мусаллаҳи ғайриқонунии Айёмбеков Толиб оғоз гардид.

Субҳи имрӯз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон изҳороти муштараке пахш карданд, ки дар он гуфта мешавад, тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки қатли ваҳшиёнаи Абдулло Назаров, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ аз ҷониби аъзои дастаи мусаллаҳи ғайриқонунии Айёмбеков Толиб, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ – сардори қитъаи сарҳадии Ишкошим содир гардидааст.

Дар изҳорот зикр мегардад, ки Айёмбеков Толиб ва ҳаммаслакони ӯ аз иҷрои талаби мақомоти тафтишот оид ба ҳозир шудан ва ҷавоб гуфтан дар назди қонун саркашӣ карданд.

«Айёмбеков гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ таъсис дода, дар давоми солҳои зиёд бо қочоқи маводи мухаддир, маҳсулоти тамоку ва сангҳои қиматбаҳо машғул шуда, чандин ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз қабили бандитизм ва ғайраро содир намудааст», – омадааст дар изҳорот.

Дар идома баён мегардад, ки бо мақсади пешгирӣ аз талафоти беҳуда дар байни сокинони осоишта бо супориши президенти мамлакат комиссияи ҳукуматӣ дар ҳайати вакилони мардумӣ, аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ходимони давлативу ҷамъиятӣ, аҳли зиё ва уламои динӣ, фаъолони вилоят дар давоми се рӯз бо Айёмбеков Толиб ва тарафдорони ӯ чандин маротиба вохӯрда, пешниҳод намуд, ки силоҳҳоро ба замин гузошта, ҷинояткоронро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоранд.

«Айёмбеков Толиб ин пешниҳодро қатъиян рад карда, баръакс ба гирдоварии ашхоси мусаллаҳи ҷиноятпеша оғоз намуд ва ба муқовимати мусаллаҳона шурӯъ кард. Бинобар ин, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бо мақсади ба эътидол овардани вазъият дар шаҳри Хоруғ оид ба дастгир кардани аъзои гурӯҳи муташаккили ҷинояткор ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо субҳи 24 –уми июл амалиёти махсус оғоз гардид», – зикр мегардад дар изҳороти муштарак.

Дар фарҷом изҳори итминон мешавад, ки мардуми шарафманди шаҳри Хоруғ ва вилоят чунин амалҳои ғайриқонунии ҷинояткоронро маҳкум намуда, барои ҳифзи оромиву тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини волоияти қонун бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...