Дар вохӯрии раиси ВМКБ Қодири Қосим бо фаъолон дар шаҳри Хоруғ оташбаси пурра эълон гардид.
Раиси вилоят хабар дод, ки субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон на дар бораи қатъи муваққатии амалиёти махсус, ки қаблан гуфта мешуд, балки дар бораи оташбаси пурра қарор қабул кардааст. «Қарори мазкур ба иллати мавҷуд будани маҷруҳон ва дар кӯчаҳо вайрон шудани ҷасадҳои кушташудагон қабул шуд», – гуфт раиси вилоят. Талаби бесилоҳшавии дастаҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ амал хоҳад кард.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин дар хусуси таъсиси як комиссия, ки ба ошкор сохтани масъалаи мавҷуд будани маҷруҳону ҳалокшудагон миёни аҳолии осоишта машғул хоҳад шуд, низ қарор қабул шуд. Ба ҳайати комиссия 20 нафар шомил гардиданд, ки ба онҳо сокинони шаҳри Хоруғ эътимод доранд. Дар қатори онҳо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Рамзия Мирзобекова низ ҳузур дорад, ки айни замон дар шаҳри Хоруғ қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти радиои «Озодӣ», субҳи имрӯз дар шаҳри Хоруғ бар асари оташкушоии нишонзанон (снайперҳо) 7 нафар кушта шудаанд, ки 4 нафари онҳо кӯдакон ва як нафарашон зан мебошад.