spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дархости афзоиши дукаратаи ҳаҷми кӯмаки низомӣ ба Тоҷикистон аз конгресси ИМА


Муовини котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейк иттилоъ дод, ки маъмурияти президенти ИМА Барак Обама аз конгресс афзоиши ҳаҷми кӯмакҳои низомӣ барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар соли 2013-ро дархост кардааст.

Асноди буҷетӣ гувоҳи онанд, ки дар муқоиса бо сатҳи соли ҷорӣ маблағгузорӣ дар чаҳорчӯби «Барномаи маблағгузории хориҷии низомӣ» барои Тоҷикистон қариб ду маротиба афзуда мешаванд.

Ҳафтаи гузашта Блейк ба мақомоти қонунгузории кишвараш хабар дод, ки соли 2011 ИМА ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби «Барномаи маблағгузории хориҷии низомӣ» дар ҳаҷми беш аз 6 млн. ва «Барномаи хориҷии омӯзиш ва омодагӣ» дар ҳаҷми 3 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо кард.

Мутобиқи маълумоти ҳуҷҷатҳои дархости буҷетии Кохи сафед барои соли молиявии 2013, ҳаҷми воситаҳои пешбинишуда дар чаҳорчӯби барномаҳои зикргардида ба ҷуз Тоҷикистон, барои дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳаҷми пешина боқӣ мемонанд. Барои Тоҷикистон ҳаҷми маблағгузорӣ дар доираи «Барномаи маблағгузории хориҷии низомӣ» аз 800 ҳазор доллари ИМА-и соли 2012 то ба 1,5 млн. доллари ИМА дар соли 2013 зиёд карда мешаванд.

«Ин воситаҳо ба дастгирии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар беҳбуди омӯзиши забони англисӣ, мубориза алайҳи таҳдидҳои байнулмилалӣ, таъмини амнияти марзҳо, иштирок дар амалиётҳои байнулмилалии таъмини сулҳ ва ҳамчунин роҳандозии чораҳо оид ба аз мина безараргардонӣ равона хоҳанд шуд», – зикр мегардад дар ҳуҷҷатҳои буҷетӣ.  

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...