spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дархости аз маҳбаси Қазоқистон ба Тоҷикистон интиқол додани шаҳрванди тоҷик


Хешу ақрабои шаҳрванди 60-солаи тоҷик Нориҷон Қурбонова, ки барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар маҳбаси Қазоқистон адои ҷазо мекунад, аз вазъи саломатии ӯ изҳори нигаронӣ намуда, аз тамоми имконот истифода мекунанд, то ки ӯро ба яке аз муассисаҳои ислоҳотии Тоҷикистон гузаронанд, аммо Прокуратураи генералӣ барои мусоидат ба ин кор шитоб надорад.

Ҷияни маҳкумшуда Исмоил Қурбонов дар суҳбат бо хабаригори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки Нориҷон Қурбонова аз ҷониби мақомоти Қазоқистон бо 4 кило маводи мухаддири героин боздошт гардида, ба 17 соли зиндон маҳкум шудааст. «Оилаи онҳо намунавӣ буд, вале ӯ аз тиҷорати маъруфи «мӯҳра» хисороти зиёд бардошта, ба доми қаллобе афтод, ки аз ӯ 23 ҳазор долллари ИМА-ро гирифта, дигар барнагардонд ва вай аз ноилоҷӣ ба ин амали ҷиняткорона даст зад», – гуфт вай.

Номбурда мегӯяд, Н.Қурбонва аз каслии қанд азият кашида, онҳо аз ҳукуматдорон озодии ӯро талаб надоранд ва танҳо дархост мекунанд, ки ӯ ба яке аз муассисаҳои ислоҳотии Тоҷикистон гузаронида шавад, то ки онҳо ба зиёрат ва бо масолеҳи ғизову доруворӣ таъмин кардани ӯ бештар имконият дошта бошанд.

Хешовандони Қурбонова ба як қатор мақомоти дахлдор, аз ҷумла ба Прокуратураи генералӣ низ муроҷиат кардаанд, вале дар ҳама ҷо посухи рад ё номафҳум мегиранд ва инро сардори Раёсати муносибатҳои байнулмилалӣ, таъминоти ҳуқуқӣ ва иттилооти Прокуратураи генералӣ Абдусамӣ Додобоев тасдиқ кард.

Додобоев гуфт, аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон интиқол додани маҳбусон мутобиқи Конвенсияи ИДМ дар бораи интиқоли маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо танзим гардида, аммо нисбат ба шахсоне, ки ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд, он дар сурате амал мекунад, ки агар вазни маводи мухаддири мусодирашуда аз онҳо аз 1 кило кам бошад, вале Қурбонова бо миқдори аз ин зиёдтари маводи мухаддир боздошт гардида, меъёри ин Конвенсия ба ӯ татбиқ намегардад.

Дар ҳамин ҳол, Директори Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон Сергей Романов дар робита ба ин масъала мегӯяд, оид ба ҳалли ин масъала ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Қазоқистону Тоҷикистон мактуб ирсол гардида, ҳамчунин бо Дафтари байнулмилалии Қазоқистон оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи Конвенсияи дар боло зикршуда, барои ба муассисаи ислоҳотии Тоҷикистон интиқол додани Қурбонова, танҳо розигии ҳарду ҷониб зарур аст. «То ҷое, ки огаҳӣ дорем, айни замон ҷониби Қазоқистон ба интиқоли Қурбонова ба Тоҷикистон розӣ аст, аммо барои ин дархости Прокуратураи генералии Тоҷикистон зарур буда, Прокуратураи генералииҶТ бо баҳонаи асноди дохилӣ, ки барои анҷоми ин амал ба онҳо имкон намедодааст, ба ин кор розӣ намешавад», – афзуд С.Романов.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти расмӣ, дар нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави Русия ва Қазоқистон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 98 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи гузашта (426 нафар боздоштшуда) 77% камтар аст. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...