spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дархости шаҳрванди Қирғизистон бобати озодӣ аз тавқифгоҳи Хуҷанд


Шаҳрванди Қирғизистон аз ҳомиёни ҳуқуқи Тоҷикистон дархост кардааст, ки дар масъалаи озод шудани ӯ аз тавқифгоҳи шаҳри Хуҷанд мусоидат намоянд, зеро ӯ намояндаи мардумии Маҷлиси шаҳри Ботканд будааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Абдураҳмон Тӯраев, адвокати шаҳрванди хориҷии боздоштшуда хабар дод, айни замон дар тавқифгоҳи муваққатии №2-и шаҳри Хуҷанд қарор дошта, ба унвони директори маркази дифоъ аз ҳуқуқи «Адвокати ту»-и шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ҷӯраева бо дархости мазкур ариза навиштаааст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 20-уми июни соли равон дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Исфараи виояти Суғд кормандони милиса автомашина таҳти идораи шаҳрванди Қирғизистон Манасбек Нодировро боздошт намуданд.

Ҳангоми азназаргузаронии автомашина аз дохили он як миқдор маводи кимиёвии зарарнок – симоб дарёфт гардид, ки вазни он 90,5 килоро ташкил дод. Боз ду нафар шаҳрвандони Қирғизистон – Икром Сиддиқов ва Чингиз Абдураҳмонов ва ҳамчунин шаҳрванди Тоҷикистон – Ёқубхӯҷа Ҳомидов низ ҳамроҳи ронанда дар дохили ин автомашина қарор доштанд.

Аз рӯйи ин далел дар прокуратураи шаҳри Исфара нисбат ба боздоштшудагон мутобиқи моддаи 206, қ. 3 (Муомилоти ғайриқонунии моддаҳои  сахттаъсир  ё заҳролуд бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) ва 289, қ. 2 (Қочоқ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Пас аз чанд рӯз бинобар сабаби мавҷуд набудани далел нисбат ба ронанда, ӯ озод гардид. Айни замон шуъбаи тафтишотии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ба тафтишоти парвандаи ҷиноии мазкур машғул аст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...