Рӯзи якшанбе дар шаҳри Душанбе маросими ҷаноза ва ба хок супурдани ҷасади муовини фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милиса (ОМОН) подполковник Фаррух Зарифов, ки зимни амалиёти низомӣ дар Хоруғ ба ҳалокат расид, баргузор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ахири ҳафтаи равон ҷасади Ф.Зарифов дар дарёи Панҷ, дар қаламрави кишвари ҳамсоя аз ҷониби шаҳрвандони Афғонистон дарёфт гардида, ба мақомоти Тоҷикистон супурда шудааст.
Бино ба маълумоти расмӣ, дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар Хоруғ 18 нафар аз мақомоти сохторҳои қудратӣ ва 30 тан аз ҷангиёни ҷониби муқобил ба ҳалокат расидаанд. Ҳамчунин миёни аҳолии осоишта низ талафот ба қайд гирифта шудааст.