Варзишгари тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқоти гурзандозии Олимпиадаи Лондон-2012 зинаи 10-умро ишғол кард.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии Олимпиалаи Лондон-2012, дар мусобиқоти ниҳоии ин навъи варзиш Дилшод Назаров бо нишондиҳандаи 73 метру 80 сантиметр миёни 12 варзишгар мақоми 10-умро касб намуд.
Дар ин навъи мусобиқот варзишгари Маҷористон (Венгрия) Кристиан Парш бо нишондиҳандаи 80,59 метр дастболо гардида, гурзандони Словения Примож Козмус бо нишондиҳандаи 79,36 метр зинаи дуюм ва варзишгари ҷопонӣ Кодзи Мурофуси бо нишондиҳандаи 78,71 метр ба медалӣ биринҷӣ сазовор гардиданд.
Ёдрас мекунем, ки чор сол қабл дар Бозиҳои олимпии Пекин Дилшод Назаров бо нишондиҳандаи 76,54 метр зинаи 11-умро касб карда буд.
Дар ҳамин ҳол, аллакай ҳашт нафар варзишгарони тоҷик қувваозмоиҳо дар Олимпиадаи Лондонро ба анҷом расониданд. Инҳо Сергей Бабиков (тирандозӣ), Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов (бокс), Расул Боқиев, Парвиз Собиров (дзюдо), Катерина Измайлова (шиноварӣ) ва Дилшод Назаров (гурзандозӣ) мебошанд.