Мутаассифона, на ҳамаи маълумоте, ки дар робита ба далелҳои риоя накардани қарори раиси шаҳри Душанбе аз 10 июли соли 2012 «Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе» тавассути почтаи электронӣ (
[email protected]
) ба мақомоти шаҳрдории пойтахт ворид мешаванд, асоси воқеӣ доранд.
Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дода, муроҷиати яке аз сокинони пойтахт Оқил Шириновро, ки санаи 1-уми август тавассути почтаи электронӣ ([email protected]) ба унвони раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев фиристода шуда буд, мисол овард.
Дар мактуби худ О.Ширинов хабар дода буд, ки дар бозори «Деҳқон» харидани картошка бо нархи 2 сомонӣ барои 1 кило ғайриимкон буда, фурӯшандагон тасмим гирифтаанд, фурӯши онро боздоранд, зеро нарҳои муқаррарарнамудаи мақомоти шаҳрдории пойтахт ба онҳо зиён меоварад.
Дар посух ба ин мактуб раиси шаҳри Душанбе ба хадамоти дахлдор супориш дод, ки фавран ин маълумот санҷида шавад, вале муаллифи мактуб аз ҳамкорӣ бо комиссия даст кашида, санҷиш нишон дод, ки маълумоти ӯ асоси воқеӣ надорад.
Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қарори раиси пойтахт, ба тоҷирон тавсия дода шудааст, ки дар моҳи Рамазон як кг гӯшти говро 29, гӯшти говмешро 19, гӯшти гӯсфандро 30, як халта орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистонро то 110, 1 л. равғани растаниро то 8, як кг биринҷи ватаниро то 7, як кг шакарро то 5, 1 л. ширро то 3, як кг картошкаро то 2, як кг сабзиро то 2,2, як кг пиёзро то 1,1 ва 1 дона тухмро то 0,6 сомонӣ ба фурӯш бароранд.
Қарори мазкури раиси шаҳри Душанбе дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ҳамчун асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ сабт гардида, бо дархости ҳукуматдорони пойтахт назорати иҷрои он ба дӯши ташкилотҳои ҷамъиятиву динӣ, комиссияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва чанде аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ вогузор шудааст.