spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбат ба қумондонҳои Бадахшон


Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз рӯйи далели барнагардонидани қарзҳои бонкӣ нисбати собиқ қумандони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Ёдгор Мамадасламов, собиқ муовини сардори гурӯҳи марзбонии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Толиб Айёмбеков ва наздикони онҳо парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, 11-уми сентябри соли 2008 бо супориши Мамадасламов Ёдгор ҳамсари бародари вай Оламбибӣ Гулдарбоғова, истиқоматкунандаи деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнон аз бахши № 66 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Хоруғ бо 20%-и солона ба мӯҳлати ду сол дар ҳаҷми 350 ҳазор сомонӣ қарзи бонкӣ мегирад.

Сипас онҳо дар мӯҳлати муқарраршуда қарз бо фоизҳояшро барнагардонида, барои эҳтиёҷоти худ масраф кардаанд. Айни замон маблағи тасарруфнамудаи онҳо бо фоизаш 695 ҳазору 847 сомониро ташкил медиҳад, ки ин зарари ҷиддӣ ба манфиатҳои «Амонатбонк» мебошад.

Прокуратураи генералӣ ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки 16-уми июни соли 2010 Толиб Айёмбеков ва писараш Ғуломалӣ Абдураҳмонов низ барои рушди фаъолияти соҳибкориашон аз ҳамин бахши «Амонатбонк» дар ҳаҷми 455 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, вале дар мӯҳлати муқарраршуда онро барнагардонидаанд. Феълан ҳаҷми маблағҳои азхудшуда бо фоизҳояш 587 ҳазору 195 сомониро ташкил медиҳад.

«Мутобиқи қарори гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии Прокуратураи генералии Тоҷикистон, нисбати Мамадасламов Ё., Гулдарбоғова О.Т., Аёмбеков Т.А. ва Абдураҳмонов Ғ.Т. бо аломатҳои пешбиникардаи банди «б», қисми 3, моддаи 246 КҶ ҶТ (Тасарруфи воситаҳои пулии ба сифати қарз додашуда) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд», – таъкид мегардад дар иттилои Прокуратураи генералӣ.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...