Чанде қабл зимни мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон ҷаноби Аббасалӣ Гасанов масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур иттилоъ доданд, Шариф Раҳимзода рушди ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ самараи нек арзёбӣ кард.
Дар навбати худ, Аббасалӣ Гасанов иброз дошт, ки баҳри вусъат додани муносиботи иқтисодию тиҷоратии ду кишвари бо ҳам дӯст ҳамчун сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад кард.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ба масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоягузорони озарӣ дар рушди соҳаҳои мухталиф, ташкили корхонаҳои саноатӣ, инчунин баргузор намудани бизнес форумҳо бо иштироки намояндагони бахши хусусӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар зарфи панҷ моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон ҳудуди 18 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки пурра ба содироти Озарбойҷон мансуб аст.